Таъкид бар истифода аз фурсати сохти нерӯгоҳи "Роғун" барои оштии сиёсӣ
Як рӯзноманигори тоҷик бо ишора ба аҳамияти оғози сохти нерӯгоҳи "Роғун", аз давлати Тоҷикистон хост, фаъолони бахши хусусиро барои мушорикат дар такмили ин нерӯгоҳ аз зиндон озод кунад.
Ба гузориши сайти "Тоҷнюс", Набиуллоҳ Суннатӣ бо ишора ба оғози сохти садди 335 метрии нерӯгоҳи обии "Роғун" дар Тоҷикистон, аз ҳукумати ин кишвар хостааст, ки ҳамаи фаъолони бахши хусусие, ки дар зиндон ҳастанд, ба шарти мушорикати молӣ дар такмили ин нерӯгоҳ аз зиндон озод шаванд.
Ин рӯзноманигори тоҷик бо баёни ин ки оғози сохти садди нерӯгоҳи "Роғун" бо истиқболи мухолифони сиёсии хориҷ аз кишвар рӯбарӯ шудааст, афзуд: "Ин афрод дар соли 2010 дар ҷамъоварии 180 миллион доллар кӯмакҳои мардум барои сохти ин нерӯгоҳ саҳим буданд ва ҳукумат бояд бо истифода аз ин фурсат вориди гуфтугӯ бо мухолифон шавад".
Суннатӣ гуфт, поён ҳар хел ихтилоф ва низои сиёсӣ метавонад Тоҷикистонро аз фазои муташанниҷи феълӣ хориҷ кунад.
Вай таъкид кард, ки аз ин пешниҳодҳо шояд аз сӯйи бархе маҳофили ҳукумати Тоҷикистон истиқбол нашуд, аммо метавонад барои ояндаи ин кишвар ва иттиҳоди мардуми ин ҷумҳурӣ созанда бошад.