Дидори сафири ҷадиди режими саҳюнистӣ бо мақомоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i70254-Дидори_сафири_ҷадиди_режими_саҳюнистӣ_бо_мақомоти_вазорати_хориҷаи_Тоҷикистон
Сафири ҷадиди режими саҳюнистӣ дар Тоҷикистон устуворномаи худро ба муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар тақдим кард.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Июл 10, 2021 16:09 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири ҷадиди режими саҳюнистӣ бо мақомоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон

Сафири ҷадиди режими саҳюнистӣ дар Тоҷикистон устуворномаи худро ба муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар тақдим кард.

Ба гузориши сомонаи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи 9 июли 2021 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини режими Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеҳавит Бен Ҳиллелро қабул кард.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва режими Исроил табодули назар карданд.  

Муовини вазири корҳои хориҷӣ Зеҳавит Бен Ҳиллелро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуд.

Бештар бихонед: