Дармони беморони коронаии вилояти Суғд дар бемористони Хуҷанд
Бемористони Хуҷанд дар ҳоли ҳозир танҳо маркази дармонии беморони коронаӣ дар вилояти Суғд аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, соли гузашта ҳам пас аз шуюъи корона дар Тоҷикистон сокинони ин вилоят дар ин бемористон дармон шуданд.
Духтур Рустамҷон Борибоев, пизишки бемористони Хуҷанд, гуфт: "Шумораи амбулаторӣ ва беморони стационар нисбат ба ҳафтаи гузашта камтар аст.
Ӯ афзуд , вазъият қобил назорат аст, агар ҳамин тавр идома пайдо кунад метавонем бо камтарин теъдоди ибтило ва фавти аз мавҷи дувуми корона убур кунем.
Рустамҷон идома дод, ҳанӯз ҳам таб, танагии нафас, дарди қафасаи сина, аз байн рафтани ҳисси бӯёӣ ва чашойи аз аломатҳои аслии бемории корона аст. Соли гузашта бемористони Хуҷанд яке аз марокизи аслии пизишкӣ барои бистарӣ ва дармони беморони коронаӣ дар Тоҷикистон буд. Бемористони 270 тахтихобии Хуҷанд панҷ бахши тахассусӣ дорад.
Аз оғози шуюъи корона дар Тоҷикистон токунун 13, 719 нафар ба ин беморӣ мубтало шуданд, ки аз ин теъдод 13 ҳазору 514 нафар беҳбуд ёфтанд.
Бештар бихонед: