Рӯзи иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон эълом шуд
(last modified Mon, 12 Jul 2021 05:20:49 GMT )
Июл 12, 2021 10:20 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон эълом шуд

Раиси Шӯрои исломии Тоҷикистон эълом кард, ки иди саиди Қурбон дар ин кишвар рӯзи сешанбеи 20 июли соли ҷорӣ хоҳад буд.

Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, Сайидмукаррам Абдулқодирзода гуфтааст, ки бар асоси муҳосиботи нуҷумии рӯзи сешанбеи 20 июли соли ҷорӣ дар ин кишвар аз иди саиди Қурбон таҷлил хоҳад шуд.

Вай дар бораи иқомаи намози иди саиди Қурбон низ эълом кардааст, ки ин мавзуъ ба тасмими Ситоди миллии мубориза бо вируси корона бастагӣ хоҳад дошт.

Дар соли 2020 ба далели густариши Ковид -19 намози иди саиди Қурбон дар ин кишвар иқома нашуда буд.

Раиси Шӯрои исломии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ин ниҳод мунтазири дастури Ситоди миллии мубориза бо вируси корона мебошад ва агар эълом гардад, ки иқомаи намози ид дар шароити густариши дубораи бемории Ковид -19 имконпазир нест, аз ин тасмим пайравӣ хоҳанд кард.