Ноябр 01, 2016 12:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳазору 100 шаҳрванди Тоҷикистон дар сафи ДИИШ

Раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон аз ҳузури 1100 шаҳрванди ин кишвар дар сафи гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.

Ба гузориши сайти "Озодагон", Худойбердӣ Холиқназар дар нишасти "Фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҷилавгирӣ аз ифротигарии динӣ" дар Душанбе гуфт, ки бо вуҷуди барномаҳои густурдаи таблиғотӣ ва расонаӣ дар Тоҷикистон, бо ҳадафи ифшосозии амалкарди гурӯҳи террористии ДИИШ, раванди пайвастани ҷавонони тоҷик ба ин созмони террористӣ идома дорад.

 Холиқназар таъкид кардааст, ки танҳо имсол дар қаламрави устони Суғд 74 нафар ба иттиҳоми иртибот бо гурӯҳҳои ифротӣ боздошт шудаанд, ки алайҳи 43 нафари онон парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

Раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон афзуд, мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ барои ҷазби ҷавонон ба сафҳои ин созмони террористӣ аз занон истифода мекунанд ва ин дар ҳолест, ки ин қишри ҷомеа камтар мавриди таваҷҷуҳи ниҳодҳои амниятӣ қарор мегиранд.

Холиқназар гуфт, аз ҳазору 100 шаҳрванди ин кишвар, ки дар сафи гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд, 384 нафар аз устони Суғд, 210 нафар аз устони Хатлон ва бақия аз соири манотиқи ин ҷумҳурӣ ҳастанд.

 

Барчасп