Шиносоии 38 мавриди ҷадиди мубталоён ба вируси корона дар Тоҷикистон
Июл 12, 2021 14:10 Asia/Dushanbe
Тайи шабонарӯзи ахир 38 нафар дар Тоҷикистон ба вируси корона гирифтор шудаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сабти 38 мавриди ҷадиди мубталоён ба вируси корона тайи 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, теъдоди умумии мубталоён ба бемории Ковид -19 дар ин кишвар ба 13 ҳазору 834 нафар расидааст.
Бар асоси ин гузориш, бо сабти як маврид фавти дигар дар шабонарӯзи охир, теъдоди кулли фавтиҳо 103 нафар эълом шудааст.
Мақомоти ин вазорат таъкид кардаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз мубтало шудан ба Ковид -19 сокинони ин кишвар бояд муқаррароти беҳдоштиро муроот кунанд.
Бештар бихонед:
- Риоят накардани шеваномаҳои беҳдоштӣ далели аслии густариши дубораи корона дар Тоҷикистон
- Таҳвили дувумин маҳмулаи ваксинаи корона моҳи август ба Тоҷикистон
Барчасп