Содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон идома дорад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i70448-Содироти_барқи_Тоҷикистон_ба_Афғонистон_идома_дорад
Мақомоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон содироти барқи ин кишвар ба Афғонистонро бо вуҷуди ташдиди даргириҳо дар кишвари ҳамсоя хабар доданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 13, 2021 11:48 Asia/Dushanbe
  • Содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон идома дорад
    Содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон идома дорад

Мақомоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон содироти барқи ин кишвар ба Афғонистонро бо вуҷуди ташдиди даргириҳо дар кишвари ҳамсоя хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Осиё плюс, ин мақомот эълом карданд, ки Тоҷикистон барои содироти як миллиарду 500  миллион киловатт  соат барқ ба Афғонистон дар соли ҷорӣ тавофуқнома имзо кардааст ва ба он пойбанд мебошад.

Ин мақомот таъкид кардаанд, ки бо вуҷӯди тасаллути гурӯҳи Толибон бар манотқи марзи муштараки Афғонистон бо Тоҷикистон  ҳеҷ ихтилоле дар содироти барқ эҷод нашудааст.

Дар маҷмӯъ  тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ Тоҷикистон ба Афғонистон  ва Узбакистон 917 миллион киловатт  соат барқ содир кардааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 5 дарсад бештар мебошад.

Ин дарҳолест, ки тайи ин муддат дар Тоҷикистон  10 миллиард киловатт соат барқ тавлид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 170 миллион киловатт соати камтар аст.

Далели коҳиши тавлиди барқ дар Тоҷикистон  кам шудани боришҳо ва коҳиши захираҳои сади нерӯгоҳҳои барқии обӣ унвон шудааст.

 

Бештар бихонед: