Вуҷуди наздик ба 200 зиндонии хориҷӣ дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 13 Jul 2021 08:13:53 GMT )
Июл 13, 2021 13:13 Asia/Dushanbe
  • Вазири адлияи Тоҷикистон аз вуҷуди наздик ба 200 табааи хориҷӣ дар зиндонҳои ин кишвар хабар дод.
    Вазири адлияи Тоҷикистон аз вуҷуди наздик ба 200 табааи хориҷӣ дар зиндонҳои ин кишвар хабар дод.

Вазири адлияи Тоҷикистон аз вуҷуди наздик ба 200 табааи хориҷӣ дар зиндонҳои ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Музаффар Ашуриён дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, ки 93 нафар аз ин афрод  атбоъи Афғонистон мебошанд.

Вай таъкид кардааст ки дар зиндонҳои Тоҷикистон  6 табаъаи чинӣ ва 19 рус низ давраи маҳкумияти худро сипарӣ мекунанд.

Аммо вазири адлияи Тоҷикистон аз ироаи омори зиндониён дар кишвараш худдорӣ карда  гуфтааст, ки ин мавзӯ маҳрамона мебошад.

Музаффари Ашуриён дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар бораи тасвиби қонуни ҷадиди афви умумӣ дар ин кишвар ба муносибати 30- мин  солгарди истиқлоли  ҷумҳурӣ дар моҳи сентябри  соли ҷорӣ низ гуфтааст:

"Ин мавзӯ  аз ихтиёроти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ҳоли ҳозир ҳанӯз асноди ҳуқуқии ин қонун омода нашудааст. Аз инрӯ ҳар замоне, ки тарҳи қонуни авфи умумӣ таҳия ва ироя шуд аз тариқи расонаҳои хабарӣ итилоърасонӣ хоҳад шуд."

"Ин дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолибе дар бора тасвиби қонуни авфи умумӣ ба муносибати фаро расидан 30- мин  солгарди истиқлоли Тоҷикистон  ва озодӣ ва сабук кардани муҷозоти зиндониён мунташир мешавад.

 

Бештар бихонед: