Июл 13, 2021 16:11 Asia/Dushanbe

Қатъии барқ дар Суғд мшклоти зиёдеро барои сокинони ин навоҳӣ эҷод кардааст.

Бархе аз сокинони шаҳрҳо ва манотиқи Суғд мегӯянд, ки ҳар рӯз соатҳо барқи манозили онҳо қатъ мешавад.

Сокинони авоҳии Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Деваштич, Айнӣ ва Истаравшан ҳам аз ин вазъият шокӣ ҳастанд.

Далер Ҷумъа, вазири энержии Тоҷикистон иллати хомӯшиҳоро гарм шудани ҳаво баён кард.

Муҳсин Аҳмадзода, раиси идораи барқи Суғд ҳам далели хомӯшиҳо дар ноҳияро афзоиши дамои ҳаво ва таъсири он бар таҷҳизоти тавлид ва интиқоли барқ донист.

Ба гуфтаи мақомот, агар дамо коҳиш ёбад, мушкили қатъии барқ бартараф хоҳад шуд.

 

Барчасп