Иттиҳоми қаллобии молӣ алайҳи Иззат Амон
(last modified Wed, 14 Jul 2021 05:43:42 GMT )
Июл 14, 2021 10:43 Asia/Dushanbe
  • Дар моҳи март додгоҳи шаҳри Маскав гузарномаи русии Иззат Амонро лағв кард
    Дар моҳи март додгоҳи шаҳри Маскав гузарномаи русии Иззат Амонро лағв кард

Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кард, алайҳи Иззат Амон, мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик 12 мавриди иттиҳоми қаллобии молӣ ба маблағи 630 ҳазор рубли русӣ ва 1 ҳазор доллар матраҳ мебошад.

Ба гузориши сомонаи Спутник, ба гуфтаи мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон 12 нафар аз шокиён эълом кардаанд, ки тайи солҳои 2014 то 2020 Иззат Амон аз онон барои кумак ба озодии бастагонашон дар Русия ин маблағро дарёфт карда, аммо амалан коре анҷом надодааст.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Маскав бо судури ҳукме, гузарномаи русии Иззат Амонро лағв ва ӯро барасоси банди 18 қонуни ҷиноии Русия марбӯт ба нақзи қавонини кор ва зиндагӣ дар ин кишвар ба пардохти ҷаримаи молӣ ва истирдод ба Тоҷикистон маҳкӯм кард.

Вай аз соли 1996 бо дарёфт тобеияти Русия дар ин кишвар кор ва зиндагӣ мекард.

Ин дар ҳоле аст, ки вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки алайҳи ин Иззат Амон ба иттиҳоми қаллобӣ парвандаи қазоӣ ташкил ва ӯ ба маҳзи вурӯд ба Душанбе боздошт шудааст.

Бештар бихонед: