Июл 16, 2021 20:40 Asia/Dushanbe
  • Донишҷӯёни тоҷик аз Қирғизистон ба Тоҷикистон бармегарданд

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон эълом кард, донишҷӯёни тоҷик аз Қирғизистон ба кишварашон боз мегарданд.

Ба гузориши сомонаи «ТОП Тҷ», Муҳаммадюсуф Имомзода дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт: 2 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил мекунанд, ки бояд ба Тоҷикистон бозгарданд.

Вай таъкид кард, масъулони сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Бишкек бозгардондани донишҷӯёни тоҷикро бо мақомоти Қирғизистон ҳамоҳанг карданд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт: Қарор аст донишҷӯён дар донишгоҳҳои Тоҷикистон идомаи таҳсил диҳанд.

Дар пайи бурузи танишҳо дар навоҳии марзии байни ду кишвар ва тира шудани равобити Тоҷикистон ва Қирғизистон, теъдоди зиёде аз шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷик хостори бозгашт ба кишварашон ҳастанд.