Июл 17, 2021 09:23 Asia/Dushanbe
  • Корона ба шароити зиндагии оилаҳои тоҷик таъсири манфӣ расонид
    Корона ба шароити зиндагии оилаҳои тоҷик таъсири манфӣ расонид

Бонки ҷаҳонӣ эълом кард, густариши вируси корона вазъи маишатии хонаводаҳои тоҷикро таҳти таъсир қарор додааст ва ин амр мӯҷиби афзоиши бекорӣ ва фақр дар ин кишвар шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, дар тозатарин гузориши коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, ки бар асоси назарсанҷӣ аз хонаводаҳои тоҷик анҷом шудааст, таъкид шудааст дар моҳи апрели соли 2020 саҳми афроди фаъоли хонаводаҳо ба далели густариши Ковиди 19 ба шиддат коҳиш ёфт, ки дар тобистон  авзоъ  каме беҳтар шуд ва дар моҳи ноябри он сол ин шароит дубора қобили мушоҳида буд.

Ҳамчунин саҳми коргарони муҳоҷири фаъоли тоҷик дар ирсоли даромади молӣ аз Русия дар моҳи феврали соли 2020 дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл коҳиши 89 дарсадиро нишон дод. Ин шохис танҳо дар авохири соли 2020 нисбатан беҳбуд ёфт.

Бар асоси ин гузориш  мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия дар соли 2020 ба 1 миллиарду 741 миллион доллар расид, ки ин шохис дар соли 2019 беш аз 2 миллиарду 576 миллион доллар буд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп