Июл 18, 2021 09:11 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти раиси комиссиюни ҳуқуқии маҷлиси Тоҷикистон бо сафири Фаронса дар Душанбе

Дар дидори раиси комиссиюни ҳуқуқии маҷлиси Тоҷикистон бо сафири Фаронса дар Душанбе бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои порлумонии миёни ду кишвар таъкид шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳамчунин дар ин дидор Дилшод Раҳмон ва  Мишел Торон нақши равобити байнипорлумонии ду кишвар барои кумак ба рушду тавсеъаро баррасӣ карданд.
 

Раиси комиссиюни ҳуқуқии Маҷлиси Миллии Тоҷикистон гуфт : Кишвараш ба густариши муносибот бо Фаронса дар заминаҳои илмӣ, омӯзишӣ, беҳдошт ва гардишгарӣ алоқаманд аст .
Дилшод Раҳмон афзуд : Мақомоти Тоҷикистон интизор доранд, ки Порис барои донишҷӯёни тоҷик саҳмияи таҳсилии бештаре дар донишгоҳҳои Фаронса ихтисос диҳад .

Дар ин мулоқот ду тараф бар зарурати афзоиши мизони таъомулот миёни аъзои гурӯҳи дӯстии порлумонии Тоҷикистону Фаронса таъкид карданд.



Бештар бихонед :


 

 

Барчасп