Пешниҳоди имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни утоқҳои бозаргонии Тоҷикистон ва Гелон
Маъруфҷон Абдураҳмонов, дабири аввали Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон афзуд: Пешниҳод мекунам, тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни утоқҳои бозаргонии Тоҷикистон ва Гелон имзо шавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маъруфҷон Абдураҳмонов ин пешниҳодро дар мулоқот бо Ҳодии Тезҳуш Тобон, раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии устони Гелон ироа кард.
Маъруфҷон Абдураҳмонов афзуд : Пешниҳод мекунам тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни утоқҳои бозаргонии Тоҷикистон ва вилояти Гелони Эрон имзо шавад, то сармоягузорони гелонӣ битавонанд дар бахшҳои дорусозӣ, мурғдорӣ ва парвариши моҳӣ дар Тоҷикистон фаъолият кунанд .
Муовини сафири Тоҷикистон дар Эрон афзуд: Тоҷикистону Эрон таърихи муштарак доранд ва ниёз аст равобити худро дар заминаҳои мухталиф тавсеа ва густариш диҳанд.
Ӯ изҳор дошт: Мутаасифона, мизони феълии табодулоти тиҷорӣ байни ду кишвар қаноатбахш нест ва бояд афзоиш ёбад.
Маъруфҷон Абдураҳмонов бо баёни ин ки моҳи гузашта чаҳордаҳумин иҷлоси Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмӣ, фарҳангӣ, фаннӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, гуфт: Дар санади поёнии ин иҷлос ҳамкориҳои устонӣ пешбинӣ шудааст .
Ӯ идома дод, дар чорчӯби ин тафоҳумнома метавон равобити мустақими тиҷорӣ байни утоқҳои бозаргонии устони Гелони Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро барқарор кард.
Раиси Утоқи бозаргонии Гелон низ дар ин ҷаласа бо баёни ин ки "Мо бо Тоҷикистон равобити тиҷорӣ дорем, аммо бояд онро тақвият кунем", гуфт: Бо сафарбарӣ ва пазириши ҳайатҳои тиҷорӣ ва баргузории намоишгоҳ метавонем равобити тиҷорӣ ва иқтисодии дуҷонибаро густариш диҳем.
Бештар бихонед :