Ноябр 02, 2016 10:02 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Қирғизистон пештози афзоиши ҷамъият дар ҷомеаи Ҳамсуд

Кумитаи байни давлатии омори кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд эълом кардааст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон бештарин рушди ҷамъиятро дар миёни кишварҳои ин минтақа доранд.

Ба иттилои Ка-Ниюз, дар маҷаллаи омори ин иттиҳодия таъкид шудааст, ки дар миёни кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд дар солҳои 2012 то 2016 Тоҷикистон бо 6,2 дарсад ва Қирғизистон бо 5,2 дарсад ба тартиб бештарин нархи афзоиши ҷамъиятро ба худ ихтисос додаанд .

Ин афзоиши ҷамъӣ дар ҳолест, ки ин ду кишвар дар шохиси умумии таркиби ҷамъияти шаҳрӣ дар миёни кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд дар поинтарин рада қарор гирифтаанд .

Ҳамчунин дар 4 соли ахир, рушди ҷамъияти шаҳрӣ дар Тоҷикистон наздик ба 10 дарсад ва дар Қазоқистон 7,5 дарсад буда ва ин ду кишвар аз ин лиҳоз пештози кишварҳои минтақа будаанд .

Ҳамчунин дар ин муддат Тоҷикистон дар шохиси ҷамъияти рустоӣ бо афзоиши беш аз 6 дарсад дар ҷойгоҳи нахуст қарор доштааст .

Дар ҷумҳурии Қазоқистон ҳам дар ин муддат ҷамъияти рустоӣ беш аз 7,5 дарсад афзоиш ёфта ва ин кишварро ба ҷойгоҳи дуввуми минтақа расондааст .