Июл 18, 2021 12:15 Asia/Dushanbe
  • Талоши дастаи Истиқлоли Тоҷикистон барои мизбонӣ аз дастаи Персполиси Эрон

Дастаи Истиқлоли Тоҷикистон талош мекунад то салоҳияти худро барои мизбонӣ аз Персполиси Эрон ба аъзои Конфедерасиюни футболи Осиё нишон диҳад

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз “ Варзиши се ”, дидори Персполиси Эрон ва Истиқлоли Душанбе дар ҳоле 22 шаҳривар баргузор мешавад,ки тибқи ҷадвали мусобиқот намояндаи Тоҷикистон бояд мизбони ин мусобиқа бошад.
Бо ин ҳол ҳануз Конфедерасиюни футболи Осиё  расман мизбонони марҳалаи ҳаштякфиналро муаррифӣ накардааст ва гумоназанӣ дар ин хусус идома дорад.
Дастаи Персполис чанде пеш омодагии худро барои мизбонӣ аз Истиқлоли Тоҷикистон эълом кард. Ҳамчунин ахборе перомуни баргузории мусобиқа ба сурати мутамаркиз мунташир шудааст .
Аммо дастаи Истиқлоли Тоҷикистон дар номаи худ ба Конфедерасиюни футболи Осиё эълом кард, қасд дорад аз имтиёзи мизбонӣ истифода кунад ва талош карда, ки ин итминонро ба Конфедерасиюни футболи Осиё бидиҳад, ки мушкиле барои мизбонӣ аз Персполис надорад .
Хатарҳои эҳтимолии сафари ҳавоӣ ба шаҳри Душанбе бо таваҷҷуҳ ба ҳамсоягии Тоҷикистон бо кишвари пуртаниши Афғонистон ва сифати поини чамани варзишгоҳи Истиқлоли Тоҷикистон аз мушкилоте аст, ки сабаб шуда то аъзои Конфедерасиюни футболи Осиё нисбат ба мизбонии дастаи Истиқлоли шаҳри Душанбе тардид кунанд .

 

Барчасп