Июл 18, 2021 19:39 Asia/Dushanbe
  • Камбуди алаф зиндагии чорводорони ноҳияи Мурғоби Тоҷикистонро душвор кардааст.
    Камбуди алаф зиндагии чорводорони ноҳияи Мурғоби Тоҷикистонро душвор кардааст.

Камбуди алаф зиндагии чорводорони ноҳияи Мурғоби Тоҷикистонро душвор кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз сомонаҳои хабарии Осиёи марказии Аличор яке аз дурафтодатарин рустоҳои Тоҷикистон дар кӯҳистони ноҳияи Мурғоб аст.

Ин деҳа дар иртиқои 4 ҳазор метрӣ аз сатҳи дарё қарор дорад ва сокинони он ворводор ҳастанд.

Қамчибек Ҷабборов яке аз ворводорони ноҳияи Мурғоб мегӯяд, дар фасли зимистон мушкилоти зиёде барои нигаҳдорӣ ва парвариши чорво доранд.

 Ӯ афзуд: Тӯлонӣ шудани зимистон ва сардии ҳаво зиндагии бисёре аз хонаводаҳои ноҳияи Мурғобро таҳти таъсир қарор додааст.

Вай идома дод, теъдоде аз говҳо аз нарасидани хӯроки чорво дар зимистон фавтиданд. Мӯсо Турдиқулов, як чорводори дигари ҷамоати Аличор гуфт "Имсол чорводорони ин минтақа аз нарасидани хӯроки чорво зарар карданд.

Ӯ афзуд: Домдорӣ танҳо манбаи даромади сокинони ноҳия асту имсол ба далели набуди алафи кофӣ теъдоде аз домҳо талаф шуд ва ин зарари ҷуброннопазире барои мо маҳсуб мешавад.

Сулаймон Алишеров, раиси ҷамоати "Аличор"-и ноҳияи Мурғоб ҳам гуфт: Камбуди алаф ва тӯлонӣ шудани фасли зимистон осеби ҷиддӣ ба домҳои сокинони ин ҷамоат ворид кард.

Ӯ афзуд: Сокинони ҷамоати Аличор фақат аз парвариши дому тавлиди истеҳсоли маҳсулоти ширӣ даромад ба даст меоранд.

Мурғоб яке аз навоҳии вилояти кӯҳистонӣ Бадахшонаст, ки дар шарқи Тоҷикистон қарор дорад.

Дар фасли зимистон дамои ҳавои ин минтақа  ба 50 дараҷа зери сифр мерасад.

Ноҳияи Мурғоби Тоҷикистони чор ҳазор нафар ҷамъият дорад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп