Ҳимояти қонуни Тоҷикистон аз адвокатҳо
"Қонун аз адвокатҳо ҳимоят мекунад", гуфт раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон Саидбек Нуриддинов гуфт: Адвокатҳо дар сурати таҳдид ё тарсондан аз сӯи шахси ҳақиқӣ ва ё ҳуқуқӣ метавонанд аз ихтиёрот ва ҳуқуқи қонунии худ истифода кунанд.
Ӯ бо ишора ба аз адвокати Тоҷикистон Нусратулло Мирзоев, ки муддаист ба далели таҳдид, тарсондан ва фишори бархе мақомот маҷбур ба тарки Тоҷикистон шудааст, илова кард: Дар сурати воқеӣ будани иддао ӯ метавонад аз ҳуқуқи қонунии худ истифода кунад.
Саидбек Нуриддинов мегӯяд, агар манро таҳдид мекарданд ва ё таҳти фишор қарор медоданд барои ҳалли мушкил ба иттифоқи адвокатҳо муроҷиат мекардам.
Раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон дар бораи суханони раиси дафтари озодиҳои мадании Тоҷикистон низ афзуд: Шахсе метавонад дар бораи мушкилоти адвокатҳо дар Тоҷикистон изҳори назар кунад, ки вакил бошад.
Нуриддинов изҳор кард, шахсе ки тахассусӣ дар кор ваколат надорад салоҳияти ибрози назар дар бораи фаъолони ин касбро надорад.
Раиси идораи озодиҳои мадании Тоҷикистон Дилрабо Самадова ҳам дар ҷавоби Саидбек Нуриддинов дар сафҳаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, изҳороти раиси адвокатҳои Тоҷикистонро ғайримантиқӣ хонд.
Вай ба Нуриддинов пешниҳод кард, ки гузоришҳои Созмонҳои байналмилалӣ дар бораи вазъияти адвокатҳои Тоҷикистонро бихонад.
Нусратуллоҳ Мирзоев аз вакиле, ки муддаист ба далели фишор рӯи таҳдиди мақомот маҷбур ба муҳоҷират аз Тоҷикистон шудааст низ гуфт: Бо назари раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон мувофиқ нест.
Вай идома дод, ки дар шаш моҳи ахир таҳти фишор ва таҳдидҳои пулис ва додситонӣ Хатлан маҷбур ба бадарға шудааст.
Нусратуллоҳ Мирзоев изҳор кард, Иттифоқи адвокатҳо аз ӯ ҳимоят накард.
Вай гуфт: Қодир буд аз худ қонунӣ дифо кунад, вале ин фурсатро ҳам аз ӯ гирифтанд.
Дар Тоҷикистон бо ҳудуди 9 миллион нафар ҷамъият, фақат 1000 адвокат машғули фаъолият ҳастанд.
Бештар бихонед: