Шарти ҷадид барои вакилони ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 16 Dec 2020 16:44:15 GMT )
Декабр 16, 2020 21:44 Asia/Dushanbe
  • акнун вакилони мудофеи ҳуқуқӣ барои дидор бо муваккилонашон илова бар муҷаввизи мақомоти қазоӣ бояд гувоҳиномаи шуғлӣ низ ироа намоянд
    акнун вакилони мудофеи ҳуқуқӣ барои дидор бо муваккилонашон илова бар муҷаввизи мақомоти қазоӣ бояд гувоҳиномаи шуғлӣ низ ироа намоянд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни шароити нигаҳдории гумонбарҳо, боздоштшудагон ва маҳкумшудагон барои мулоқоти вакилони ҳуқуқӣ бо муваккилонашон шарти ҷадид таъйин кард.

Ба гузориши сомонаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, акнун вакилони мудофеи ҳуқуқӣ барои дидор бо муваккилонашон илова бар муҷаввизи мақомоти қазоӣ бояд гувоҳиномаи шуғлӣ низ ироа намоянд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан барои дидори вакилон бо муваккилонашон доштани муҷаввизи мақомоти қазоӣ кофӣ буд.

Аммо акнун ин гувоҳиномаро Вазорати адлияи Тоҷикистон танҳо пас аз баррасии салоҳияти вакилони мудофеи ҳуқуқӣ содир хоҳад кард.

Дар соли 2014 мақомоти Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни фаъолияти вакилони мудофеъ муҷаввизи фаъолияти беш аз 3 ҳазор вакили мудофеи ҳуқуқиро лағв карданд.

Камбуди вакилони мудофеи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ҳукуматро водор кард, ки барои ислоҳи қонуни фаъолияти ин гурӯҳ иқдом ва заминаи ҷазби теъдоди бештаре аз ин афродро фароҳам кунад.

Дар Тоҷикистон бо беш аз 9 миллион нафар ҷамъият танҳо 850 вакили мудофеи ҳуқуқӣ, ба иборате барои ҳар 11 ҳазор нафар як вакил фаъолият ме‌канад.

Аксари афроде, ки муҷаввизи фаъолияти онон ба унвони вакилони мудофеи ҳуқуқӣ лағв шуд, аз мунтақидони Ҳукумати Тоҷикистон буданд.

 

Бештар бихонед: