Хадамоти мушовираи ҳуқуқӣ ба коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия
Январ 24, 2022 13:38 Asia/Dushanbe
Идораи муҳоҷирати Русия ба коргарони муҳоҷири тоҷик мушовираи ҳуқуқӣ медиҳад.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, коргарони муҳоҷири тоҷик метавонанд дархостҳо ва шикоёти худ дар Русияро ба забони тоҷикӣ танзим ва аз тариқи шабакаи иҷтимоии Телеграм ба Идораи муҳоҷирати Русия ирсол кунанд.
Ҳазинаи мушовараи ҳуқуқии вакилон дар ин марказ 3 ҳазор рубл, кумак ба танзими шикоёт 2 ҳазор рубл ва хадамоти дифоӣ дар додгоҳ аз ҳуқуқи коргарони муҳоҷир 5 ҳазор рубл таъйин шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2021 барои нахустин бор ба манзури роҳнамоии коргарони муҳоҷири тоҷик дар бархе аз истгоҳҳои метро дар Маскав овезаҳои роҳнамоӣ ба забони тоҷикӣ насб шуд.
Бештар бихонед:
- Даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик 54 дарсад бештар аз содироти филизоти гаронбаҳо
- Ҳатмӣ шудани дафтарчаи муоинаи пизишкӣ барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия
Барчасп