Ноябр 02, 2016 11:16 Asia/Dushanbe
  • Пардохти андоз барои вакилони мудофеъ дар Тоҷикистон илзомӣ шуд

Бар асоси тасмими Кумитаи андози Тоҷикистон, аз ин пас вакилони мудофеъ дар ин кишвар муваззаф ба пардохти андоз мешаванд.

Ба иттилои сайти Авесто, Нусратуллоҳ Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дастуреро имзо кардааст, ки бар асоси он вакилони мудофеъ бо фаъолони бахши хусусӣ мусовӣ мешаванд ва бояд ба давлат андоз пардохт кунанд.

Бар ин асос, вакилони мудофеъ бояд 6 дарсад аз даромади худро дар қолаби андози иҷтимоӣ ва як дарсадро ба буҷети давлати ин кишвар пардохт кунанд.

Ҳамчунин вакилони мудофеъ дар Тоҷикистон муваззаф ҳастанд, дар идороти умури андозии ин кишвар сабти ном кунанд ва шарти идомаи фаъолияти ин афрод, судури иҷозатнома аз сӯи Вазорати адлияи ин ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.

Ин дар ҳолест, ки аз миёни беш аз 2 ҳазор нафар аз афроди ширкаткунанда дар озмӯни Вазорати адлияи Тоҷикистон танҳо 461 нафар иҷозатномаи фаъолияти вакили мудофеъ дарёфт кардаанд.

Бар асоси қонуни ҷадиди “Вакилони мудофеъ фаъолияти онон” дар Тоҷикистон афроди дорои тобеияти дугона ва собиқаи ҷазоӣ аз ҳаққи фаъолият баунвони вакили мудофеъ маҳрум шудаанд.

Коршиносони масоил сиёсӣ муътақиданд, ки Вазорати адлияи Тоҷикистон бо ин қонун афроди мухолиф бо сиёсатҳои ҳукумати ин кишварро аз ҳаққи ваколат маҳрум кардааст.