Радди ахбори сустии суръати Интернет дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i70780-Радди_ахбори_сустии_суръати_Интернет_дар_Тоҷикистон
Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, суръати Интернет дар ин кишвар кунд нест.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июл 19, 2021 18:24 Asia/Dushanbe

Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, суръати Интернет дар ин кишвар кунд нест.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт: Тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ ва сайтҳои интернетии қонунӣ дар Тоҷикистон қобили дастрасӣ ҳастанд.

Ӯ афзуд: Боз нашудани сафҳаҳои бархе сайтҳо, ба далели суст будани суръати Интернет дар Тоҷикистон нест, балки мушкил аз системаҳои роёнаӣ ва телефонҳои корбарон аст.