Июл 20, 2021 17:10 Asia/Dushanbe

Ширкати русии "Техстрой" аз ба коргирии коргарони тоҷик худдорӣ кард.

Ба гузориши яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, пеш аз ин ширкати русии “ТехСтрой” пас аз баррасӣ ва мусоҳиба бо 500 нафар, 51 нафар аз шаҳрвандони тоҷикро барои кор дар бахшҳои мухталифи сохтумонии Русия интихоб карда буд.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон ҳануз масъулони ин ширкати сохтумонӣ дар ин бора тавзеҳе надонад.

Зайнура Шарифӣ, сардори Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд гуфт, ширкати “ТехСтрой” бисёре аз шаҳрвандонро аз тариқи пурсишнома ва мусоҳибаи ҳузурӣ, гузиниш карда буд.

Ӯ гуфт, ин ширкати русӣ теъдоди зиёде аз коргарони узбекистониро ихроҷ кардааст.

Шарифӣ изҳор кард, масъӯлони ширкати “ТехСтрой” моҳи апрел тасмим гирифтанд 1000 коргари тоҷикро бо ҳазинаи ширкат барои кор ба Русия бифиристанд, аммо токунун ин тасмим иҷро нашудааст.

Зайнура Шарифӣ баён кард, коргароне, ки ин ширкат онҳоро барои кор дар Русия интихоб карда буд аз ин ширкат шикоят карданд.

Марзи Русия аз моҳи марти соли 2020 бо ҳадафи пешгирӣ аз коронавирус ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон бастааст. Дар ин муддат садҳо ҳазор муҳоҷире, ки дар сохтмонҳо кор мекарданд, ба Русия рафта натавонистанд.

Намояндагони "Техстрой" ҳангоми интихоби коргарон гуфта буданд, ки сохтмонҳои Маскаву минтақаҳои дигар ба нерӯи кор ниёз дорад ва ширкат мехоҳад, ҷалби коргаронро созмон диҳад.

То оғози пандемия, ҳазорон муҳоҷири кории тоҷик дар он кишвар кору зиндагӣ мекарданд, ки қисмате аз онҳо дар оғози ҳамагирии вируси корона тавассути парвозҳои чартерӣ ба кишвар баргаштанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп