Фавти 12 нафар дар сели ахир дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд
(last modified Tue, 20 Jul 2021 18:26:47 GMT )
Июл 20, 2021 23:26 Asia/Dushanbe
  • Фавти 12 нафар дар сели ахир дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ҷон бохтани 12 нафар дар сели ахир дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи Top TJ, Умеда Юсуфӣ, сухангӯи ин кумита гуфтааст, ки 4 нафар аз қурбониёни сели ахир дар рӯстои Киштудак дар ин ноҳия кӯдак мебошанд.

Вай такид кардааст, ки ҷасади 10 нафар аз ин қурбониён рӯзи сешанбе 20 июл пайдо шудааст.

Ин сел асри рӯзи душанбе 19 июли соли ҷорӣ дар пайи бориши борони шадид ҷори шуд, ки мӯҷиби кушта шудани сокинони ин рӯсто гардидааст.

Гуфта мешавад, ки сел ба роҳҳо, таъсисоти зербиноӣ ва хонаҳои сокинони ноҳияҳои Деваштич, Айни Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд низ хисороти фаровон ворид кардааст.

Юсуфӣ аз тахриби 15 хона бар асари ин ҳодиса хабар додааст.

Ба манзури баррасии ин офати табиӣ кумак ба осебдидагон комиссиюни вижа тасис шудааст.