Сабти ду мавриди ҷадиди фавт бар асари корона дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i70892-Сабти_ду_мавриди_ҷадиди_фавт_бар_асари_корона_дар_Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сабти ду маврид фавти ҷадид бар асари бемории Ковид - 19 тайи 24 соати гузашта дар кишвар хабар дод.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июл 21, 2021 19:08 Asia/Dushanbe
  • Бар асоси омори расмӣ то кунун 114 нафар дар Тоҷикистон қурбонии корона шудаанд
    Бар асоси омори расмӣ то кунун 114 нафар дар Тоҷикистон қурбонии корона шудаанд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сабти ду маврид фавти ҷадид бар асари бемории Ковид - 19 тайи 24 соати гузашта дар кишвар хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бо эҳтисоби ин ду мавриди фавт дар шабонарӯзи ахир, маҷмӯи теъдоди фавтиҳои корона дар кишвар ба 114 нафар расид.

Ҳамчунин бо шиносоии 51 бемори дигар, теъдоди мубталоён ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон ба 14 ҳазору 228 нафар расид.

Аз ин теъдод 13 ҳазору 801 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки тайи шабонарӯзи ахир 43 нафар аз беморони мубтало ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон дармон шудаанд.

 

Бештар бихонед: