Сабти ду мавриди ҷадиди фавт бар асари корона дар Тоҷикистон
Июл 21, 2021 19:08 Asia/Dushanbe
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сабти ду маврид фавти ҷадид бар асари бемории Ковид - 19 тайи 24 соати гузашта дар кишвар хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бо эҳтисоби ин ду мавриди фавт дар шабонарӯзи ахир, маҷмӯи теъдоди фавтиҳои корона дар кишвар ба 114 нафар расид.
Ҳамчунин бо шиносоии 51 бемори дигар, теъдоди мубталоён ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон ба 14 ҳазору 228 нафар расид.
Аз ин теъдод 13 ҳазору 801 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки тайи шабонарӯзи ахир 43 нафар аз беморони мубтало ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон дармон шудаанд.
Бештар бихонед:
- Сабти 57 мавриди ҷадиди мубтало ба корона ва як фавтӣ тайи 24 соати гузашта дар Тоҷикистон
-
Сабти 52 мавриди ҷадиди гирифтор шудан ба корона ва як фавтӣ дар 24 соати гузашта дар Тоҷикистон