Сӯиистифода аз номи Иззат Амон дар шабакаҳои маҷозӣ
(last modified Thu, 22 Jul 2021 12:49:10 GMT )
Июл 22, 2021 17:49 Asia/Dushanbe

Баъзеҳо номи раиси собиқи Маркази Тоҷикон дар Русияро барои ҷамъоварии пул дар шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи марказӣ, наздикони Изза Амон, вакили боздоштшуда, нигарон ҳастанд, ки афроде бо истифода аз номи ӯ ва ҳамкоронаш барои манофеъи шахсе, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мардум  пул ҷамъоварӣ карданд.

Онҳо мегӯянд, бо вуҷуди доштани мушкилоти молӣ, вале токунун аз ҳеч фарде дархости кумак накарданд.

Иззат Амон аз мудофеъони ҳуқуқи коргарони муҳоҷир ва раиси маркази тоҷикон дар Русия ба иттиҳоми 630 ҳазор  рубл қаллобӣ боздошт шуд.

Наздикони вай мегӯянд ин иттиҳом дуруғ аст.

Муҳаммадюсуф Холов писари Иззат Амон, дар як паёме аз мардум  хост, ки фиреби тамосҳо ва шумораи ҳисобҳои банкии эъломшудаи дуруғинро нахӯранд.

Иззат Амон  25 март аз Русия ихроҷ шуд. Мақомоти Тоҷикистон дастгирии вайро як рӯзи баъд дар Душанбе эълом карданд.

Ӯ ба ҷурми қаллобӣ ба пардохти ҷаримаи нақдӣ ва 12соли зиндон маҳкум шуд.