Сафари тими миллии Футзали Тоҷикистон ба Таиланд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i70940-Сафари_тими_миллии_Футзали_Тоҷикистон_ба_Таиланд
Тими миллии Футзали Тоҷикистон озими Таиланд шуд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июл 23, 2021 20:43 Asia/Dushanbe
  • Сафари тими миллии Футзали Тоҷикистон ба Таиланд

Тими миллии Футзали Тоҷикистон озими Таиланд шуд.

Ба гузориши Федератсияи Футболи Тоҷикистон, тими миллии Футзали Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқоти байналмилали (Ҷоми Осиё 2021)-и  Continentalи Futsalи Championshipи 2021, ки аз 25 то 30 июл дар Таиланд баргузор мешавад, озими Бангкок, пойтахти ин кишвар шуд.

Тими миллии Тоҷикистон бо 14 бозикун ба Таиланд рафт.

Сармураббии тими миллии Футзали Тоҷикистонро Пайрав Воҳидов бар ӯҳда дорад.

Тоҷикистон дар гурӯҳи B баробари Миср (25 июл), Эрон (26 июл) ва Литва (27 июл) бозӣ хоҳад кард.

Тимҳои Таиланд, Узбакистон, Косово ва Мозамбик дар гурӯҳи A бо якдигар рақобат мекунанд.

 

Бештар бихонед: