76 дарсад аз коргарони муҳоҷири тоҷик барои кор ба Русия сафар мекунанд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i71038-76_дарсад_аз_коргарони_муҳоҷири_тоҷик_барои_кор_ба_Русия_сафар_мекунанд
Маркази пажуҳишҳои Фарҳангистони улуми иқтисоди миллии Русия эълом кард, соли гузашта 76 дарсад аз шаҳрвандони ҷӯёи кори тоҷик барои ёфтани фурсати шуғлӣ ба Русия сафар карданд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Июл 25, 2021 09:30 Asia/Dushanbe
  • 76 дарсад аз коргарони муҳоҷири тоҷик барои кор ба Русия сафар мекунанд

Маркази пажуҳишҳои Фарҳангистони улуми иқтисоди миллии Русия эълом кард, соли гузашта 76 дарсад аз шаҳрвандони ҷӯёи кори тоҷик барои ёфтани фурсати шуғлӣ ба Русия сафар карданд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, аксари муҳоҷирони меҳнатӣ – ин шаҳрвандони кишварҳои ИДМ мебошанд. Ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ миёни тамоми коргарони хориҷӣ, ки дар Русия қарор доранд афзоиш меёбад. Дар ҳоли ҳозир теъдоди он ба 76 дарсад расидааст.

Онҳо таъкид карданд, ки Тоҷикистон "донори асосии муҳоҷирони меҳнатӣ да Русия" шудааст ва дар ин самт ҷои Украинаро ишғол кардааст.

Тадқиқот инчунин нишон дод, сарфи назар аз маҳдудиятҳои коронавирус, ҳиссаи коргарони хориҷӣе, ки дар Русия ҳузури худро қонунӣ кардааст, тақрибан тағир наёфтааст ва наздик ба 70 дарсадро ташкил медиҳад.

Бино ба анвиштаи манбаъ, "Дар тӯли панҷ моҳи соли ҷорӣ пардохтҳо ба буҷа аз рӯи пардохти патентҳои муҳоҷирон 17,1 миллиард рублро ташкил додаааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 дарсад камтар аст".

Бештар бихонед: