Эҳтимоли густариши коронаи Делта дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 26 Jul 2021 11:13:32 GMT )
Июл 26, 2021 16:13 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли густариши коронаи Делта дар Тоҷикистон

Муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт: Мумкин аст вируси коронаи Делта вориди Тоҷикистон шуда бошад.

Ба гузориши "Азия плюс", Ғафур Муҳсинзода дар нишасти хабарӣ гуфт: Намунаҳои теъдоде аз афроди мубтало ба корона ба озмоишгоҳе дар Англия ирсол шуда, вале ҳанӯз натоиҷи озмоиш ба масъулони тандурустии Тоҷикистон эълом нашудааст.

Оқои Муҳсинзода афзуд: Вируси коронаи Делта дар кишварҳои ҳамсоя густариш пайдо карда ва бо таваҷҷуҳ ба доду гирифтҳои тиҷорӣ бо ин кишварҳо, ин беморӣ ба Тоҷикистон ҳам ворид шуда бошад. 

Ин изҳороти Ғафур Муҳсинзода дар ҳоле аст, ки ҳафтаи гузашта масъулони ин вазорат эълом карда буданд, ки ҳеч бемори мубтало ба коронаи Делта дар кишвар шиносоӣ нашудааст. 

То кунун 14 ҳазору 592 нафар ба Ковид 19 мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод 14 ҳазору 96 нафар дармон шудаанд. 

Тибқи гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то кунун 460 ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ алайҳи Covid 19 ваксина шудаанд.