Июл 26, 2021 20:42 Asia/Dushanbe
  • Хуршед Зиёӣ, раиси Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Хуршед Зиёӣ, раиси Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мудири Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз коҳиши маърифати динии мардуми кишвар дар солҳои ахир ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, Хуршед Зиёӣ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки дар солҳои ахир нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон таҷрибаи зиёде дар амри мубориза бо терроризм ва ифротигарӣ касб кардаанд, ки ин амр боиси коҳиши сафи гаравандагон ба ин созмонҳо шудааст.

Вай таъкид кард: “Нуктаи нигаронкунанда, коҳиши сатҳи донишу маърифати динии мардум мебошад, ки амнияти миллии кишварро таҳдид мекунад. Ба ин далел, ки хурофоту бардоштҳои нодуруст ҷойи таълимоти саҳеҳи исломиро мегирад”.

Аз сӯйи дигар, коршиносон баста шудани тамоми мадрасаҳои исломӣ ва мамнуъ шудани омӯзиши инфиродии улуми исломӣ дар Тоҷикистонро омили аслии коҳиши донишу маърифати динии мардум медонанд.

Дар Тоҷикистон, бо наздик ба 10 миллион нафари ҷамъият, танҳо як донишкадаи исломӣ фаъолият мекунад ва омӯзиши инфиродии улуми исломӣ низ мамнуъ шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп