Январ 27, 2024 14:23 Asia/Dushanbe
  • Анҷоми 40 бозрасӣ барои ҷилавгирӣ аз фурӯши адабиёти мамнуъа ва ифротӣ дар вилояти Суғд

Дар соли 2023, масъулони Идораи дин ва танзими ҷашну маросимҳо дар минтақаи Суғд ба ҳамроҳи маъмурони интизомӣ, 40 бозрасӣ барои ҷилавгирӣ аз фурӯши адабиёти мамнуъа ва ифротӣ анҷом доданд ва беш аз 200 маврид китоби мамнуъаро кашфу забт карданд.

 Ба гуфтаи Мирзо Ҳофизиён-коршинос Идораи дини вилояти Суғд, ин бозрасиҳо бештар дар манотиқе, ки китобфурӯшиҳо вуҷуд дорад аз ҷумла ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Панҷакент ва Ашт анҷом шудааст..

 Ӯ афзуд : Дар моддаи 22 қонуни «Озодии баён ва ташкилотҳои динӣ» муқаррар шуда, ки коршиносони мутахассис бояд китобҳои бо мӯҳтавои диниро қабл аз тавзеъ ва ё ҳатто интишор баррасӣ кунанд.

Вай гуфт:Қаламрави вилояти Суғд китобҳои мазҳабиро бештар аз Узбакистон дарёфт мекунад. Дар бархе мавридҳо муҳоҷирон аз Русия бо худ меоваранд.

Мирзо Ҳофизиён афзуд: Шояд ин китобҳоро идораҳои бозрасии кишварҳои Узбакистон ва Русия баррасӣ карда бошанд ,аммо ин бадон маъно нест, ки ин китобҳо дар кишвари мақсад ҳам бидуни мушкил аст; чун қонуни мо мутафовит аст.

 

Барчасп