Июл 28, 2021 17:16 Asia/Dushanbe
  • Бизнес-форуми Тоҷикистон ва Эрон ба таври маҷозӣ баргузор шуд
    Бизнес-форуми Тоҷикистон ва Эрон ба таври маҷозӣ баргузор шуд

Тоҷикистон ва Эрон Бизнес-форуми маҷозӣ баргузор карданд, ки дар он беш аз 200 нафар ширкат доштанд.

Рӯзи 27 июли соли 2021 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Утоқи бозаргонӣ, саноат, маодин ва кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон  Бизнес-форуми маҷозии Тоҷикистон ва Эронро баргузор намуданд.

Ба гузориши сомонаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, дар ин Бизнес-форум аз ҳарду ҷониб беш аз 200 нафар, аз ҷумла соҳибкорон, роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилот, ассотсиатсияҳои соҳибкорон, биржаҳо, инчунин намояндагони бахши хусусии ду кишвар, ширкат варзиданд.

Дар ифтитоҳи расмии чорабинии мазкур Сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар ва намояндагони бахши хусусӣ суханронӣ намуданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар суханронии худ диққати ҳозиринро ба талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон ва дастгирии соҳибкорон ҷалб намуда, ҳамчунин нақши палатаҳои савдо ва саноати кишварҳоро дар рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла дастгирӣ ва барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ қайд намуд.

Зикр гардид, ки имконоти мавҷуда ҷиҳати афзоиши табодули мол миёни ду кишвар пурра истифода намешавад ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда бояд талош намуд.

Пас аз анҷоми қисмати расмии Бизнес-форум, ҷаласаи саволу ҷавоб бо ҳузури роҳбарони сохторҳои дахлдор ва соҳибкорони ду кишвар дар формати B2B доир шуд. Ба саволҳои ҳозирин Сафирони ду кишвар ва Раиси палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Ҷумъахонзода посух гуфтанд.

 

Барчасп