Феҳристи фасодзадатарин идораҳои Тоҷикистон эълом шуд
(last modified Wed, 28 Jul 2021 16:06:46 GMT )
Июл 28, 2021 21:06 Asia/Dushanbe
  • Фасоди молӣ ва ришвахории ниҳодҳои давлатӣ яке аз бузургтарин мушкилоти Тоҷикистон ба шумор меравад
    Фасоди молӣ ва ришвахории ниҳодҳои давлатӣ яке аз бузургтарин мушкилоти Тоҷикистон ба шумор меравад

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони феҳристи фасодзадатарин идороти кишварро тайи шаш моҳи нахусти имсол эълом кард.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, дар садри ин феҳрист мақомоти идороти маҳаллии шаҳрҳову ноҳияҳо, бонкҳову бахши маориф қарор гирифтаанд.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки тайи шаш моҳи нахусти имсол 113 мавриди фасоди молӣ ва ришвахории мақомоти идороти маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сабт шудааст.

Дар радифи дувум кормандони низоми бонкии Тоҷикистон бо 93 мавриди иттиҳоми фасоди молӣ ва дарёфти ришва дар шаш моҳи нахусти имсол қарор гирифтаанд.

Кормандони бахши маориф ва илм низ бо 79 мавриди иттиҳоми шабеҳ, дар ҷойгоҳи баъдӣ қарор гирифтаанд.

Ҳамчунин дар ин муддат 78 мавриди иттиҳоми фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар Кумитаи давлатии замин ва нақшабардории Тоҷикистон сабт шудааст.

49 мавриди иттиҳоми фасод низ алайҳи кормандони Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба сабт расидааст.

Дар маҷмуъ тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ, дар натиҷаи тафтиши фаъолияти идороти давлатӣ 235 миллиону 800 ҳазор сомонӣ хисороти ворида ошкор шуд, ки 75 дарсад ё наздик ба 179 миллион сомонии он ба буҷети ҳукумат бозгардонида шудааст.

 

Бештар бихонед: