Шоигу кумаки ройгони таслеҳотии Русия ба Тоҷикистонро ваъда дод
Вазири дифои Русия, ки барои ширкат дар нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба Душанбе омадааст, аз кумаки ройгони таслеҳотии кишвараш ба Тоҷикистон хабар дод.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Сергей Шойгу дар дидор бо Шералӣ Мирзо, ҳамтои тоҷики хеш таъкид кард, ки Русия ирсоли ройгони таслеҳоти мавриди ниёзи артиши Тоҷикистон ва омӯзиши кадрҳои низомии тоҷикро идома хоҳад дод.
Шойгу афзуд, ки омӯзиши афсарони тоҷик дар донишгоҳҳои низомии Русия ва омодасозии мутахассисони низомии мавриди ниёзи ин кишвар дар пойгоҳи низомии 201 дар қаламрави Тоҷикистон, бар асоси тавофуқи дуҷониба афзоиш меёбад.
Вазири дифои Русия ҳамчунин гуфт, Маскав барои таҳкими пойгоҳи 201 ва кумак ба Тоҷикистон барои муқобила бо ҳар навъ ҳамалоти гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон иқдомоти лозимро анҷом хоҳад дод.
Дар нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе, дар бораи авзои Афғонистон ва тақвияти ҳамкориҳои дифоӣ ва амниятии кишварҳои узви ин созмон баҳсу табодули назар хоҳад шуд.
Бештар бихонед:
- Талоши Тоҷикистон барои эҷоди сулҳу субот дар Афғонистон
- Боздиди фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии Русия аз таҷҳизоти ин кишвар дар Тоҷикистон