Ҷойгиркунии "Сухой-25"-и Русия дар Тоҷикистон барои размоиш дар марзи Афғонистон
Артиши Русия эълом кард, ҷангандаҳои "Сухой -25"-и ин кишвар аз Қазоқистон ба Тоҷикистон мунтақил шуданд, то дар размоиши низомӣ дар наздикии марзи Афғонистон мушорикат кунанд.
Ҳамзамон бо афзоиши ҳамкориҳои Русия бо муттаҳидонаш дар Осиёи миёна ба дунболи оғози хурӯҷи Амрико аз Афғонистон дар баҳбуҳаи даргириҳо бо Толибон, Маскав аз интиқоли ҷангандаҳои худ ба Тоҷикистон хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, артиши Русия рӯзи панҷшанбе ( имрӯз ) эълом кард, ҷангандаҳои «Сухой-25» аз Қирғизистон ба Тоҷикистон мунтақил шуданд то дар размоиши низомӣ дар наздикии марзи ин кишвар бо Афғонистон мушорикат кунанд.
Ба гузориши хабаргузории Спутник, ҷангандаҳои Сухой - 25 Русия аз пойгоҳи ҳавои ин кишвари мустақар дар Қирғизистон бо ҳавопаймоҳои таробарии боргирӣ ва ба фурудгоҳи « Айнӣ »-и Тоҷикистон мунтақил шуданд.
Бино бар эъломи артиши Русия, ҳадаф аз интиқоли ҷангандаҳои ин кишвар мушорикат дар размоиши низомии муштараки сеҷониба бо Тоҷикистон ва Узбекистон тайи рӯзҳои панҷум то даҳуми август дар наздикии марзи Афғонистон аст.
Тайи ҳафтаҳои ахир ва ҳамзамон бо шиддат гирифтани таҳаввулоти дохилии Афғонистон мутаъоқиби эъломи хурӯҷи низомиёни Амрико ва даргириҳои артиши Афғонистон ва Толибон, ройзаниҳои Маскав бо мақомҳои кишварҳои муттаҳиди Русия дар минтақа шиддат гирифтааст.
Тибқи гузориши расонаҳои Русия, «Сергей Шойгу » вазири дифои ин кишвар ва вазири дифои Тоҷикистони Шералӣ Мирзоев шанбеи ҳафтаи ҷорӣ телефонӣ дар бораи иқдомҳои муштарак барои муқобила бо таҳдидҳое,ки аз сӯи Толибон дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон эҷод шудааст, сӯҳбат карданд.
Артиши Русия ҷумъаи ҳафтаи гузашта бар таъаҳҳуди ин кишвар барои кумак ба Тоҷикистон барои эҷоди нуқоти дидбонии марзӣ таъкид карда буд. Тоҷикистон пештар нигаронии худро аз вахим шудани сареъи авзоъ дар Афғонистон иброз доштааст. Русия идораи як пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад. Маскав пештар низ таҷҳизотеро ба пойгоҳи низомии худ дар Тоҷикистон ирсол карда буд.
Баъд аз тавофуқи феврали 2020 Амрико ва Толибон ва имзои « тавофуқномаи сулҳ » байни ду тараф, раванди хурӯҷи низомиёни амрикоӣ ва муттаҳидони ин кишвар аз Афғонистон шурӯъ шуд.
Ба дунболи изҳороти мақомҳои Амрико дар бора оғози хурӯҷи ин кишвар аз Афғонистон, вазири хориҷаи Русия дар изҳороте ҳушдор дода буд: Эҳтимоли вахим шудани сареъи вазъият дар Афғонистон дар пайи хурӯҷи аҷулонаи нерӯҳои Амрико ва НАТО вуҷуд дорад.
«Сергей Лавров" афзуд: «Мо ҳар коре битавонем анҷом медиҳем, аз ҷумла истифода аз пойгоҳи низомии Русия дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон то монеъи ангезаи таҳоҷумӣ алайҳи муттаҳидони худ шавем."