Сабти як маврид фавти дигар бар асари корона дар Тоҷикистон
-
То кунун бинобар оморҳои расмӣ 121 нафар дар Тоҷикистон ҷони худро бар асари корона аз даст додаанд
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шиносоии 84 фарди ҷадиди мубтало ба Ковид – 19 ва фавти як нафар бар асари ин беморӣ тайи 24 соати гузашта хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бо ҳисоби 84 мавриди олуда ба вируси корона дар шабонарӯзи ахир, маҷмӯи мубталоён ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон ба 14 ҳазору 929 нафар расид.
Аз ин теъдод 14 ҳазору 389 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Ҳамчунин тайи шабонарӯзи ахир 76 нафар аз беморони мубтало ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон дармон шудаанд.
Гуфта мешавад, ки теъдоди фавтиҳои ин беморӣ, бо як мавриди ҷадид дар шабонарӯзи ахир ба 121 нафар расидааст.
Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз ирсоли 50 ҳазор доза ваксинаи коронаи “Moderna” ба Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон хабар дод.
Ин ваксинаҳоро қарор аст кадри дармон, афроди солхӯрда ва афроди дорои бемориҳои заминаӣ дарёфт кунанд.
Мақомоти вилояти Бадахшон таъкид кардаанд, ки барои эминсозии гурӯҳҳои осебпазир ба 300 ҳазор доза ваксинаи корона ниёз доранд.
Бештар бихонед:
- Раиси Ситоди муқобила бо Ковид 19 –и Бадахшон пас аз дарёфти ваксина ба корона мубтало шудааст
- Чаро Тоҷикистон то ба ҳол ваксинаи коронаи русӣ дарёфт накардааст?
- Пешбинии вазири тандурустии Тоҷикистон аз замони поёни корона дар ин кишвар