Қарор гирифтани номи як шаҳрванди тоҷик дар феҳристи таҳримҳои Амрико
(last modified Sat, 31 Jul 2021 06:02:28 GMT )
Июл 31, 2021 11:02 Asia/Dushanbe
  • Қарор гирифтани номи як шаҳрванди тоҷик дар феҳристи таҳримҳои Амрико

Иёлоти Муттаҳида як шаҳрванди тоҷикро дар феҳрасти таҳримҳо қарор дод.

Ба гузориши яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, Фаррух Файзиматов, маъруф ба "Форуқ Шомӣ", шаҳрванди 25 солаи Тоҷикистон, дар феҳристи таҳримҳои Амрико қарор гирифт.

Вазорати хазонадори Амрико 28 июл вайро ба иддаои кумак ба созмони террористии Ал Қоида ва тарғиби афрод барои узв шудан дар гурӯҳҳои ифротӣ дар феҳристи сиёҳ қарор дод.

Пеш аз ин, номи Фаррух дар феҳрасти "афроди муртабит бо терроризм" қарор дошт.

Ба иттилои мақомоти Амрико, Фаррух Файзиматов дар ҳайати созмони тундрави "Ҳайату Таҳрир аш-Шом" дар Сурия аст ва ба "Ал-Қоида" ёрии моливу техникӣ мекунад.

Иёлоти Муттаҳида "Ҳайату Таҳрир аш-Шом"-ро ҳамкори "Ал-Қоида" медонад.

"Ал-Қоида", ки дар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, террористӣ шинохта шудааст, масъули даҳҳо ҳамла ва қатлу харобкориҳо дар гӯшаҳои ҷаҳон аст

Дар ин гузориш омадааст: "Файзиматов шабакаҳои иҷтимоиро барои нашри таблиғ, ҷалби аъзои нав ва ҷамъоварии хайрия барои созмони "Ҳайату Таҳрир аш-Шом" истифода мекунад. Инчунин, маблағҳои худро барои харидани таҷҳизот, аз ҷумла мототсиклҳо ба ин созмон сарф намудааст".

Файзиматов дар Исфара мутаваллид шуд ва дар соли 2016 ба Сурия рафт.

Як масъули Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара рӯзи 29-уми июл бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, ҳанӯз аз соли 2016 нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 401-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “ҷалб, таълим, кумаки молӣ ба зархаридон ва ширкат дар ҷангҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ” парванда боз шуда буд.

Ин модда дар Тоҷикистон аз панҷ то 20 сол ҷазо пешбинӣ мекунад.

Мақомоти полиси Исфара гуфтанд, “Бар асоси иттилои дарёфтии мо, ҳоло ӯ дар Идлиб қарор дорад ва бо хонаводааш дар тамос аст. Талошҳои мо барои баргардонидани натиҷа надод”.

Пеш аз ин мақомоти Тоҷикистон эълом карда буданд, дар сурате, ки фарде дар созмонҳои ифротӣ узв буда дар сӯрати тавба ва бозгашт ба хона афв мешавад.

Фаррух Файзиматов дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст ва аз саҳнаҳои ҷангу харобӣ дар Идлиби Сурия навор нашр карда, ҷавононро барои ширкат дар ҷанг даъват мекунад. Аксар наворҳои ӯ ва мусоҳибаҳои таблиғотиаш бо ҷангҷӯён бо забони русӣ аст.

 

Бештар бихонед: