Июл 31, 2021 20:45 Asia/Dushanbe
  • Варзишкорони Тоҷикистон бидуни медал дар бозиҳои олимпии Токио

Давандаи тоҷик ва охирин намояндаи мунтахаби кишвар Илдар Аҳмадиев Олимпиадаи Токиоро бидуни дастовард хотима дод.

Ба нақл аз Тоҷвик, давандаи тоҷик Илдар Аҳмадиев натавонист аз даври муқаддамотии дав дар масофаи 100 метр ба зинаи баъдӣ гузарад.

Варзишгар дар масофаи 100 метр танҳо ҷои чорумро ишғол кард, ки ба ӯ имкон надод, ки ба рақобаҳои баъдӣ роҳ ёбад.

Ҳамин тариқ 32-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио барои 10 варзишгари тоиҷик бидуни дастовард хотима ёфт.

Шиноварони кишвар Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов низ рӯзи гузашта аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуданд.

 

 

Барчасп