Август 01, 2021 09:36 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 36 дарсадии гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон

Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷории милодӣ, 36 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс аз Душанбе, дар ин муддат гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 2.9 миллиарддоллар буда, ки як миллиарду 870 миллиондоллари он ба воридот ва каме бештар аз як миллиард доллар низ ба содирот тааллуқ дорад.

Тибқи ин гузориш, дар қиёс бо соли гузаштаи милодӣ воридоти Тоҷикистон 24 дарсад ва содирот 64 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин, 50.9 дарсад аз ҳаҷми куллии содироти Тоҷикистон ба Швейтсария ва мобақӣ ба Қазоқистон, Туркия, Чин, Узбекистон, Белгия ва Афғонистон тааллуқ мегирад.

Русия, Қазоқистон ва Чин умдатарин таъминкунандагони колои мавриди ниёзи Тоҷикистон башумор мераванд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп