Афзоиши зарфияти тавлиди барқи нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак пас аз бозсозии таҷҳизотӣ
(last modified Tue, 03 Aug 2021 05:37:14 GMT )
Август 03, 2021 10:37 Asia/Dushanbe
  • Қарор аст, марҳалаи дувуми бозсозии нерӯгоҳи Норак соли 2028 ба поён бирасад
    Қарор аст, марҳалаи дувуми бозсозии нерӯгоҳи Норак соли 2028 ба поён бирасад

Ширкати давлатии Барқи тоҷик аз афзоиши зарфияти тавлиди барқи нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак пас аз бозсозии таҷҳизотии ин марказ хабар дод.

Ба нақл аз Спутник, мақомоти ин ширкат гуфтаанд, ки бо анҷоми бозсозии ду марҳалаии таҷҳизотии ин нерӯгоҳ зарфияти тавлиди барқи он аз 3 ҳазор мегаватти феълӣ ба 3 ҳазору 300 мегаватт афзоиш хоҳад ёфт.

Барои марҳалаи нахусти бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи Норак, ки дар соли 2023 такмил мешавад, 350 миллион доллар ҳазина хоҳад шуд.

Аммо манобеи молии мавриди ниёз барои марҳалаи дувуми бозсозии ин нерӯгоҳ, ки дар соли 2028 ба поён мерасад, 149 миллион доллар эълом шудааст.

Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар ин тарҳ 225 миллион доллар, Бонки сармоягузории таъсисоти зербиноии Осиё 60 миллион доллар ва 57 миллион доллар низ кумаки ройгони дигари ниҳодҳои молии минтақаист.

Нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак бо 9 турбина ва зарфияти тавлиди 3 миллиард киловатт соат барқ дар сол, аз 50 сол қабл фаъол шудааст ва акнун ниёз ба бозсозии таҷҳизотӣ дорад.

Бештар бихонед: