Шиносоии 74 бемори ҷадиди коронаӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i71606-Шиносоии_74_бемори_ҷадиди_коронаӣ_дар_Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шиносоии 74 бемори дигари мубтало ба корона дар 24 соати гузашта хабар дод.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Август 04, 2021 12:20 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 74 бемори ҷадиди коронаӣ дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шиносоии 74 бемори дигари мубтало ба корона дар 24 соати гузашта хабар дод.

Ба гузориши сомонаи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бо эҳтисоби ин 74 мавриди бемори шиносоӣ шуда, теъдоди мубталоён ба Ковиди 19 дар Тоҷикистон ба 15 ҳазору 293 нафар расид, ки аз ин теъдод 14 ҳазору 788 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Ҳамчунин тайи шабонарӯзи ахир 83 нафар аз беморони мубтало ба Ковид 19 дар Тоҷикистон дармон шуданд.

Теъдоди фавтиҳои беморони коронаӣ ҳам бидуни мавриди ҷадид дар шабонарӯзи ахир ҳамон 121 нафари қаблӣ эълом шудааст.