Август 04, 2021 16:38 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти кишоварзии Тоҷикистон

Содироти кишоварзии Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар афзоиш ёфт.

Шавкат Бобозода, раиси Агентии содирот Тоҷикистон гуфт: Дар шаш моҳи аввали соли 2021 Тоҷикистон дар ҳудуди як миллиард доллар маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ аз кишвар содир кардааст.

Ӯ афзуд: Ин мизон 88 дарсад бештар аз муддати мушобеҳ дар соли 2020 аст.

Раиси Агентии содироти Тоҷикистон изҳор дошт: Аз оғози имсол то кунун 106 ҳазор тон маҳсули кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар содир шудааст, ки 85 ҳазор тони он анвои сабзиҷот будааст.

Шавкат Бобозода гуфт, ҳамчунин дар ин муддат 12 ҳазор тон меваи хушк ва 7 ҳазор тон мева аз Тоҷикистон содир шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп