Август 05, 2021 09:31 Asia/Dushanbe
  • Вазири кишвари Тоҷикистон : Ҳама бояд ваксинаи корона тазриқ кунанд

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, изҳор дошт, ки худаш аллакай ду вояи ваксинаро гирифту то 10 август тамоми ҳайати шахсии мақомоти дохилӣ бо ваксина эмин хоҳанд шуд.

Ба нақл аз Вазорати корҳои дохила, Раҳимзода иттилоъ дод, ки шахсан аллакай ду вояи ваксинаи “Спутник V” – ро гирифтааст ва аз мардуми Тоҷикистон хост, дар эмгузаронӣ фаъол бошанд.

Ӯ афзуд, ки бидуни ваксинагирӣ бартараф кардани бемории коронавирус мушкил буда, таҷрибаи давлатҳои дигарро мисол овард, ки тариқи эмгузаронӣ сатҳи бемориро поин оварданд.

Вазири умури дохилӣ аз чорабиниҳои Тоҷикистон алайҳи коронавирус таъриф кард, ки як муддат дар пайи маҳдудиятҳои ҷорикарда ин беморӣ пурра аз байн рафт. Ӯ илова намуд, ки дар пайи дархостҳои зиёд масҷидҳо кушода шуданду рафтуомади муҳоҷирон бештар гардид, ки бо боиси хуруҷи дигарбораи беморӣ дар кишвар шудааст.

Ӯ афзуд, дастур додааст, ки то 10 август тамоми кормандони мақомоти умури дохилӣ пурра ваксина гиранд, чун пайваста дар муошират бо мардум мебошанд. Ӯ аз рӯзноманигорон хост, муҳимияти ваксинагириро ба мардум расонанд, чун ин масъала яке аз муҳимтаринҳо дар ҷаҳону Тоҷикистон мебошад.

Бештар бихонед:

5 ваксинаи эронӣ дар феҳристи номзадҳои ваксинаи Ковид -19 –и Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт

Тазриқи воксани корона ба раисиҷумҳури Тоҷикистон

Ирсоли 40 ҳазор доза ваксинаи корона аз ҷумҳурии Озарбойҷон ба Тоҷикистон