Баргузории ҳаштумин иҷлоси вазирони адлияи СҲШ
(last modified Fri, 06 Aug 2021 16:04:21 GMT )
Август 06, 2021 21:04 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳаштумин иҷлоси вазирони адлияи СҲШ

Ҳаштумин иҷлоси вазирони адлияи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши “Спутник”, дар ин иҷлоси маҷозӣ вазирони додгустарии кишварҳои Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат карданд.

Ба гуфтаи манобеи Вазорати адлияи Тоҷикистон, дар ин ҷаласа қонунҳои илзомовари иҷтимоӣ барои риояти шеваномаҳои беҳдоштии пешгирӣ аз ибтило ба корона, ироаи кумаки ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандон мутобиқ бо қонунҳои миллӣ, нақши вазоратхонаҳои адлия дар мубориза бо фасод, пешнависи Конвенсияи кумакҳои ҳуқуқии марбут ба парвандаҳои маданӣ баррасӣ шуд.

Ҳамчунин дар ин нишасти маҷозӣ Шӯрои вазирони адлияи Созмони Ҳамкории Шанхай тавваҷуҳи вижае ба тақвияти ҳамкорӣ дар заминаи кумакҳои ҳуқуқӣ, густариши ислоҳоти ҳуқуқӣ, нақши вазоратхонаҳои додгустарӣ дар мубориза бо фасод, итминон аз ҳокимияти қонун ва омӯзиши мақомоти додгустарӣ доштанд.

Дар ҳаштумин нишасти вазирони адлияи СҲШ Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, ҳамкориҳои муфиди бештаре байни вазоратхонаҳои додгустарии кишварҳои узви СҲШ ва дабирхонаи он эҷод шавад.

Дар интиҳои ҷаласа низ баёнияи муштараке дар мавриди натоиҷи ҳаштумин иҷлоси вазирони додгустарии кишварҳои узви СҲШ тасвиб шуд.

 

Бештар бихонед: