Август 07, 2021 09:35 Asia/Dushanbe

Вазири молияи Тоҷикистон гуфт: Токунун ҳеч пуле ба шумораи ҳисоби вижаи бонкӣ, ки барои кумак ба осебдидагони танишҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ифтитоҳ шуда, ворез нашудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Файзиддин Қаҳҳорзода афзуд: Ин ҳисоби бонкӣ се моҳи пеш ифтитоҳ шуд.

Вазири молияи Тоҷикистон гуфт: Пас аз ифтитоҳи ҳисоби вижа аз созмонҳои байналмилалӣ хоста шуд, то ба қурбониёни даргирии марзӣ кумак кунанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон талошҳои ниҳодҳои маданиро барои кумак ба осебдидагон мамнуъ карданд.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик низ ба интишори ин хабар вокуниш нишон дод.