Август 08, 2021 09:24 Asia/Dushanbe
  • Машварати мақомоти Тоҷикистон ва Созмони Миллали Муттаҳид

Мақомоти Тоҷикистон ва Созмони Миллали Муттаҳид бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Созмони Миллали Муттаҳид, Ҷонибек Ҳикматов-намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони Миллал дар Нию-Йорк бо Куртни Ротни-намояндаи олии ин созмон барои кишварҳои тавсеъанаёфта, кишварҳои дар ҳоли тавсеъаи маҳсӯр дар хушкӣ ва кишварҳои ҷазираии кучаки дар ҳоли тавсеъа дидор кард .
Дар ин мулоқот тарафҳо авлавиятҳои аслии Тоҷикистон дар гурӯҳи кишварҳои дар ҳоли тавсеъаи маҳсӯр дар хушкиро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин тарафа дар мавриди мавзӯъоте монанди иқдомоти давлатҳо баъд аз поёни ҳамагирии корона, дастрасии баробари кишварҳо ба ваксина,иҷрои барномаи иқдоми Вена барои кишварҳои дар ҳоли тавсеъаи маҳсур дар хушкӣ ва тавсеъаи зерсохтҳои ҳамлу нақл ва энержӣ суҳбат карданд.
Баррасии тарҳи минтақаии КАСА - 1000 ва раванди иҷрои қатъномаи байналмиллалии « Об барои тавсеъаи пойдор » аз дигар мавзӯъоте буд, ки ду тараф дар бораи онҳо гуфтугӯ карданд .

 

Барчасп