Тамдиди қарордоди мудофеъи дастаи Истиқлоли Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i71804-Тамдиди_қарордоди_мудофеъи_дастаи_Истиқлоли_Тоҷикистон
Бозикуни дастаи Истиқлоли Тоҷикистон қарордодашро бо ин даста тамдид кард .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 08, 2021 10:39 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди қарордоди мудофеъи дастаи Истиқлоли Тоҷикистон

Бозикуни дастаи Истиқлоли Тоҷикистон қарордодашро бо ин даста тамдид кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Федерасиюни футболи Тоҷикистон, Далер Имомназаров қарордод бо ин дастаро 2 соли дигар тамдид кард.
Мудофеъи 25 солаи Истиқлоли Тоҷикистон яке аз бозикунҳои аслии ин даста дар фасли гузаштаи Лигаи футболи ин кишвар буд.
Дастаи Истиқлоли Тоҷикистон соли 2007 таъсис шудааст.