Август 08, 2021 13:02 Asia/Dushanbe
  • Афви 30 ҳазор нафар ба муносибати фаро расидани сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон

Ба муносибати фаро расидани сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон 30 ҳазор маҳкум афв ва ё ба муҷозоти онҳо сабукӣ дода мешавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, бархе аз расонаҳои мустақили хабарӣ дар Тоҷикистон эълом кардаанд дар лоиҳаи нави афви умумӣ, ки ба муносибати фарорасии сиюмини солгарди истиқлоли ин кишвар дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар маҷлиси Тоҷикистони баррасӣ ва ба эҳтимоли зиёд қабул хоҳад шуд, ҳудуди 30 ҳазор нафар аз маҳкумон афв ва ё ба муҷозоти онҳо тахфиф дода мешавад.
25 октябри соли 2019 низ ба муносибати бисту панҷумин солгарди тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон қонуни афви умумӣ иҷро шуд, ки бар асоси он 20 ҳазор нафар аз зиндониён озод шуданд ва ё ба муҷозоти онҳо тахфиф дода шуд .



Бештар бихонед :

 

Барчасп