Баргузории ҷашнвораи футболи духтарон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии Тоҷикистон
(last modified Mon, 09 Aug 2021 08:38:58 GMT )
Август 09, 2021 13:38 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашнвораи футболи духтарон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии Тоҷикистон

Ҷашнвораи футболи духтарон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Федерасиюни футболи Тоҷикистон ин ҷашнвораи варзишӣ дар қолаби пӯиши байналмиллалии футболи занони Федерасиюни ҷаҳонии футбол " ФИФА " баргузор шуд.
Дар ин ҷашнвора ҳудуди 200 варзишкор аз навоҳии Носири Хусрав, Шаҳритус ва Дӯстӣ ҳузур доштанд .
Омӯзиши вазоифи бозикунон дар замини футбол, мурури техникаҳо ва тактикаҳо ва маҳоратҳои фардӣ аз бахшҳои ин ҷашнвора буд . Пас аз поёни ҷашнвора ба ширкаткунандагон туб ва либоси варзишӣ эҳдо шуд.



Бештар бихонед :